LIVE

Омодагиҳои мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ муқобили тими миллии АМА

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт омодагиҳоро ба бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муқобили тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб идома медиҳад.
Имрӯз дастаи мо дар Доха машқҳои навбатии худро анҷом дод, ки якуним соат давом кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба вохӯрии дарпешистода дар ҳолати хуби ҷисмонӣ омода шуда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки бозии 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив