LIVE

ТО БОЗИИ МУНТАХАБҲОИ АМА ВА ТОҶИКИСТОН ДУ РӮЗИ ДИГАР БОҚӢ МОНД!

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб феълан дар Абу-Даби қарор дорад. 
Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон рӯзи шанбе 25-уми март дар варзишгоҳи “Ал-Наҳаён”-и Абу Дабӣ баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии дӯстона бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб нахустин тамрини худро дирӯз дар Абу-Даби анҷом дод.

Таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба гурӯҳи умумӣ 22 бозигар ҷалб карда шуд. Ҳимоятгарон Ваҳдат Ханонов ва Далер Имомназаров аз рӯи барномаи инфиродӣ кор карданд.

Пешгӯии шумо доир ба ин бозии дӯстона чигуна аст?

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив