LIVE

ҲАЙАТИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ БОЗИҲОИ ДӮСТОНА БО АМА ВА КУВАЙТ

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати мунтахаби кишварро барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Амороти Муттаҳидаи Араб (25 март) ва Кувайт (28 март) эълон кард.

Ба бозиҳои интизор 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд. Рӯзи 22-юми март мунтахаби Тоҷикистон ба Абу-Даби сафар карда, рӯзи 25-уми март бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона анҷом медиҳад. Мунтахаби мо рақобати санҷишии дуюмашро 28 март дар шаҳри Кувайт бо тими миллии Кувайт анҷом медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив