LIVE

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон дар пешорӯи рақобат бо чиноиҳо идома дорад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо тими Чин тамринҳои навбатии худро анҷом дод.
Машғулияти имрӯзаи даста бо роҳбарии Петр Сегрт якуним соат давом кард, ки дар ин муддат бозигарон хеле хуб кор карданд.
Қобили зикр аст, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Чину Тоҷикистон 13 январ дар варзишгоҳи Абулло бин Халифаи Доҳа баргузор мешавад. Ин рақобат соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 – ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив