LIVE

Тими миллии Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо мунтахаби Сингапур омодагӣ мебинад

Мунтахаби Тоҷикистон дар остонаи бозии дӯстона бо тими миллии Сингапур тамринҳои навбатии худро анҷом дод.
Машқҳо дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор шуда, беш аз як соат идома карданд. Сармураббии мунтахаби кишвар Петр Сегрт дар ихтиёри худ 19 бозигар дорад.
Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапур ва Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
 
🤝 Бозии дӯстона
📅 8 сентябр (ҷумъа)
️ Оғоз соати 16:30 ба вақти Душанбе
 Сингапур –  ТОҶИКИСТОН
🏟Сингапур, Варзишгоҳи «Бишан»

Next Post

Комментарии 1

Самад
Самад от 8 сентября 2023 16:51
Аз бозихои Испания ё ин,ки Лига чемпионхои Аврупо дида бози дустонаи Точикистону Сингапурро намемонед тамошо карда аз озии бозингарони механамон халоват барем афсус афсус афсус як хафта шуд бозира мунтазир будам аммоо ....

Ман то хол афсус хурда истодаам кош мемондед эфири бози дустонаи бозингарони механамонро Холо Точикистон 1 гол зад Точикистон ба пееш Илтимос ба назар гиред бозихои Точикистонро 

Ташакур ба кормандони ТВ Футбол Рахмат Акнун дар ин омад омади чашни истиклоламон бозиро тамошо мекунам рахмат барои Эфир 

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив