LIVE

Пирӯзии мунтахаби ИМА дар чорякниҳоии Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ бар Канада

Имрӯз, 10-уми июл дар варзишгоҳи «Ти-Кю-Эл Стэдиум» дар Синсиннатии ИМА бозии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ доир шуд, ки дар доираи он мунтахабҳои футболи ИМА ва Канада бо ҳам вохӯрданд. Бозӣ бо пирӯзии амрикоиҳо бо ҳисоби  3:2 баъди силсилазарбаҳои пеналтӣ хотима ёфт.  
Ҳисоби вохӯрии мазкур дар дақиқаи 88-ум кушода шуд. Дар ҳайати мизбонон  Брэндон Васкес муаллифи гол гардид. Ӯ аз партофти Дехуан Ҷонс пурсамар истифода намуда тавонист. Дар дақиқаи 90+3 бошад Стивен Витория ҳисобро баробар карда, бозиро ба вақтҳои иловагӣ расонид. Гол аз пеналтӣ зада шуд.
Дар дақиқаи 109-ум Ҷейкоб Шаффелбург аллакай мунтахаби Канадаро ба пеш баровард, аммо баъди шаш дақиқа Скотт Кеннеди ба дарвозаи худ гол зад ва ҳисоб боз ҳам мусовӣ гардид. Бозӣ дар силсилазарбаҳои пеналтӣ идома дода шуд, ки он ҳам бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт. Зарбаи ҳалкунандаро  Хесус  Феррейра ба самар расонид.
Дар марҳилаи ниманиҳоӣ мунтахаби ИМА муқобили Панама бозӣ мекунад.
Ҷоми тиллои КОНКАКАФ. 1/4 ниҳоӣ
10-уми июли соли 2023, душанбе. 04:30 ДШБ
ИМА 2 : 23 : 2 Канада
1:0 Васкес – 88'   1:1 Витория – 90+3'   1:2 Шаффелбург – 109'   1:3 Кеннеди – 115'

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив