LIVE

Мексика – барандаи Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ-2019

Шаби гузашта ба мову шумо яку якбора се финал тақдим намуд. Финали Ҷоми ҷаҳон-2019 миёни бонувон, финали Ҷоми Амрико-2019 ва финали Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ-2019. Хулоса рақобатҳои Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ-2019 низ ба анҷом расиданд. То ба финали чорабинии мазкур мунтахабҳои Мексика ва ИМА роҳ ёфтанд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Солҷер Филд»-и шаҳри Чикагои ИМА доир шуда, бо ҳисоби 1:0 ба суди яккачини Мексика хотима ёфт. Ягона тӯби ин дидорро собиқ футболбози “Барселона” ва “Вилярреал” Хонатан дос Сантос муаллифӣ намуда, дастаашро ғолиби Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ-2019 намуд. Ҳамин тавр мунтахаби Мексика маротибаи 11-уми дар таърихи хеш барандаи Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ гардид. Даста қаблан дар солҳои 1965, 1971, 1977 ,1993, 1996, 1998, 2003, 2009, 2011, 2015 ва 2019 ба ин натиҷа даст ёфта буд. 
Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ-2019
Финал
Мексика - ИМА - 1:0 (0:0)
Гол: дос Сантос, 73.
Мексика: Очоа, Морено, Салседо, Алварес, Родригес Аланис, Гуардадо (Рейес, 89), дос Сантос, Галярдо, Хименес, Писарро (Родригес, 81), Антуна (Алварадо, 86).
ИМА: Стеффен, Рим (Ловитс, 83), Миязга, Лонг, Кэннон, Брэдли, Пулишич, Маккенни, Алтидор (Зардес, 64), Моррис (Ролдан, 61), Арриола.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив