LIVE

Мексика дар финали Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ-2019

Дар бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ-2019 тимҳои миллии Гаити ва Мексика рӯёрӯи ҳам омаданд. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи «Университет Финикса»-и ИМА баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба суди мунтахаби Мексика хотима ёфт. Дар 90 дақиқаи бозӣ ғолиб муайян нашуд. Дар қисмати иловагӣ футболбозони мексикоӣ бо ҳисоби минималии 1:0 пирӯз шуда, ба финали Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ-2019 роҳ ёфтанд. Ягона голи ин дидорро форвард Раул Хименес аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ба самар расонид. Рақиби Мексика дар финал ғолиби ҷуфти ИМА ва Ямайка мебошад. 

Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ-2019
Даври 1/2 ниҳоӣ
Гаити - Мексика - 0:1 в.и. (0:0, 0:0, 0:1)
Гол: Хименес, 93 - пеналти.
Гаити: Пласид, Жан-Батист, Аркус, Кристиан, Жеффрар, Геррйе (Кантав, 100), Саба (Эриво, 99), Алсе, Базил, Назон (Этйенн, 69), Пйерро (Дезир, 83).
Мексика: Очоа, Морено, Салседо, Алварес (Рейес, 90), Родригес Аланис, Гуардадо (Родригес, 68), дос Сантос (Л.Монтес, 105), Галярдо, Алварадо (Антуна, 68), Хименес, Писарро.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив