LIVE

Бохти Англия аз Ӯзбекистон дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон

Мунтахаби наврасони Ӯзбекистон оиди футбол яккачини Англияро шикаст дода, ба марҳилаи чорякниҳоии чемпионати ҷаҳон U-17 роҳхат гирифт.
Мунтахаби наврасони Ӯзбекистон дар даври  1/8 ниҳоии чемпионати ҷаҳон миёни бозигарони то 17-сола тими Англияро шикаст дод. Бозие, ки имрӯз, 22-юми ноябр дар кишвари Индонезия доир шуд, бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.
Ҳисоби бозӣ аллакай дар дақиқаи 4-ум ба шарофати голи ҳамлавар Амирбек Саидов кушода шуда, ин чорумин голи Саидов дар мусобиқа ба ҳисоб меравад.
Англисҳо дар дақиқаи 35-ум ҳисобро баробар карданд — ҳамлавар Жоэл Ндала аксуламали дастаашро бо комёбӣ ҷаъбаст кард.
Дар дақиқаи 67-ум Лазизбек Мирзоев зарбаи ҷаримавиро ба гол табдил дод. Маҳз ҳамин гол пирӯзиовар гардида, мунтахаби Ӯзбекистонро ба марҳилаи чорякниҳоии  чемпионати ҷаҳон баровард. Ҳамин тариқ, мунтахаби наврасони ҳамсоякишвар беҳтарин натиҷаи хешро дар таърих такрор кард, замоне, ки ба даври чорякниҳоии чемпионати ҷаҳонӣ дар соли  2011 роҳхат гирифта буд.
Дар марҳилаи ¼ ниҳоӣ ӯзбекистониҳо бо ғолиби ҷуфти Фаронса-Сенегал ба майдон меоянд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив