LIVE

Ғалабаи наврасони Эрон бар Ӯзбекистон дар КАФА-2021

Дар бозии аввали Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиё миёни наврасони то 15 солаи  Ӯзбекистон ва Эрон андари майдони роқобат гардиданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуривӣ доир гардида, бо ҳисоби 3 бар 2 ба суди мунтахаби то 15 солаи Эрон хатм шуд. Аввалин шуда футболбозони ӯзбек ба задни гол даст ёфтанд. Иброҳим Турсуналиев дар дақиқаи 53-юми қисми дуюми дидор голзанӣ намуд. Пас аз чанд дақиқа наврасони Эрон голи ҷавобиро заданд. Муалифи зарбаи нишонрас Самир Ҳубуботӣ гардид. Дар дақиқаи 76-ум эрониҳо голи дуюми худро вориди дарвозаи рақиб намуданд. Ин навбат  тӯбро ба дарвозаи наврасони Ӯзбекистон Муҳаммад Разоқинйо зад. Дар дақиқаи 86-уми рақобат наврасони тими миллии то 15 солаи Эрон дар дохили ҷаримагоҳи хеш ба қойдаситезб даст заданд ва довар ба дарвозаи онҳо пиналти таъин намуд. Ҷаримаи 11 метраро Зикриллохон Мухторов бе хатто вориди дарвоза намуд ва ҳисоб 2 бар 2 шуд. Дар дақиқаи 89-ум Фозилбек Бобомуродов дар дохили ҷаримагоҳи хеш бар муқобили Алиризо Шарифӣ ба қойдаситезӣ даст зад ва довари марзи майдон пиналти таъин намуд. Ирфон Дарвеш Алӣ ҷаримаи 11 метраро ба гол табдил дод ва пирӯзиро барои дастааш таъмин сохт. Бо ҳамин натиҷаи 3 бар 2 рақобати тимҳои миллии наврасони то 15 солаи Ӯзбекистон ва Эрон дар бозии аввали Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиё марказӣ ба судӣ тими Эрон хатм шуд. Дар даври дуюми мусобиқа мунтахаби Ӯзбекистон бо Қирғизистон ва Эрон бо наврасони тоҷик вохӯрӣ анҷом медиҳанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив