LIVE

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон (U15) аз Ӯзбекистон (U15) дар бозии санҷишӣ

13 август мунтахаби наврасони то 15 солаи Тоҷикистон бозии дуюми санҷиши худро бо ҳамтоёни  худ  аз Ӯзбекистон доир карданд. Дар ин вохӯрӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии ш.Душанбе баргузор шуд,  футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1 бар 3 дучори бохт гардиданд. Дар дақиқаи 7-уми нерусанҷӣ бинобар  иштибоҳи Табрез Улуғбекзода меҳмонон бартариро соҳиб шуданд. Табрез ғайричашмдошт тӯбро дохили дарвозаи худ сохт. Дере нагузашта Амирбек Саидов аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ба задани гол даст ёфта,  афзалии тимашро дучанд сохт. Дар дақиқаи 30-юм футболбозони мо тавонистанд ба 1 голи ҳарифон ҷавоб гӯянд. Абубакр Сулаймонов  муаллифи гол шуд. Дар қисмати дуюми вохӯрӣ, саҳеҳтараш дар дақиқаи 48-ум Оллаберган Каримов ба ҳисоби рақобат нуқта гузошт. Ёдовар мешавем, ки   қаблан дар бозии якуми санҷишӣ мунтахаби наврасони кишвар бо ҳисоби 6 бар 3  бар ҳамтони худ аз Ӯзбекистон  пирӯз шуда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив