LIVE

Ғалабаи наврасони тоҷик бар ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии рафиқона бар ҳамсолонашон аз Ӯзбакистон бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуд.
Бозии рафиқона миёни дастаҳои наврасони то 15-солаи Тоҷикистону Ӯзбакистон шоми 11-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Бозигари дастаи меҳмон Амирбек Саидов дар дақиқаи 4-ум ҳисобро боз кард. Бозигари мунтахаби мо Азиз Зарифӣ дар дақиқаи 27 ҳисобро баробар кард. Билол Бобоев дар дақиқаи 29 ва Амирҷон Бақоев дар дақиқаҳои 31 ва 37 се голи дигар зада, Тоҷикистонро ба пеш бароварданд. Азиз Зарифӣ қабл аз поёни нимаи аввали бозӣ голи дуюми худ ва панҷуми мунтахаби моро зад. Дар нимаи дуюм меҳмонон фаъол шуданд ва Иброҳимҷон Турсуналиев дар дақиқаи 69 ва Оллаберган Каримов дар дақиқаи 77 ду гол зада, ҳисобро тағйир доданд (5:3). Вале футболбозони навраси Тоҷикистон ибтикорро дубора ба даст гирифтанд ва Меҳрубон Ҳамидов дар дақиқаи 78 голи шашумро ба дарвозаи рақибон даровард. Рӯзи 13-уми август, мунтахабҳои наврасони Тоҷикистону Ӯзбакистон бозии дуюми рафиқонаашонро баргузор мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив