LIVE

Нокомии футболбозони наврас дар бозии дуюм

Бозии дуюми рафиқона миёни мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 24-уми сентябр дар варзишгоҳи "20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" сурат гирифта, бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. Голи аввали бозиро футболбозони ӯзбекистонӣ дар дақиқаи 5-ум бо кӯшиши Шаҳзод Акрамов ба ҳадаф расонданд. Сипас бозигарони мо дар дақиқаи 41-ум бо истифода аз пеналти таносубро барқарор карданд. Хуршед Давлатзода ҳисобро баробар кард. Голи пирӯзиовари меҳмононро Пулодҷон Ҷумъахонов дар дақиқаи 85-ум ба самар расонид.
Маврид ба ёдоварист, ки рақобати аввали ин мунтахабҳо бо пирӯзии миллипӯшони навраси мо бо ҳисоби 1-0 хатм гардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив