Нимҳимоягари «Реал»-и Мадрид Ҷуд Беллингем гуфт, ки дар натиҷаи панҷ соли оянда ба чӣ дастовардҳо расиданӣ аст.
«Ман ба панҷ пирӯзӣ дар Лигаи чемпионҳо, пирӯзӣ дар Евро ва эҳтимолан пирӯзӣ дар чемпионати ҷаҳон умед мебандам. Ҳама вақт то ҳадди имкон нигоҳи некбинона дорам. Бозӣ намудан бо фикри мағлубшавиро намепазирам. Ҳар сол ту бояд дар ҳар мусобиқа бо андешаи пирӯзӣ иштирок намоӣ. Дар сурати баръакс чӣ маънӣ надорад?
Аз ин рӯ муайян кардан мушкил аст, ки кадом ҷоизаҳоро бо кадом шумора ман ба даст овардан мехоҳам. Одатан талош мекунам то дар сатҳи худ натиҷаҳои хуберо ба даст орам. Агар оилаам баъди панҷ сол тансиҳату хушбахт бошанд, ин аз ҳама муҳим аст», – иқтибос меорад аз суханони Беллингем L'Équipe.
Ёдрас мекунем, ки Беллингем тобистони қаблӣ бар ивази 103 млн евро аз «Боруссия» ба сафи «Реал» гузариш анҷом дода, шартномаи бозигар бо мадридиҳо то охири моҳи июни соли 2029 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз тибқи фарзияи сомонаи Transfermarkt 120 млн евро мебошад.