Нимҳимоягари «Реал» Ҷуд Беллингем оиди пирӯзияш дар овоздиҳӣ барои ҷоизаи беҳтарин бозигари ҷавони сол изҳори назар кард.
«Мехоҳам ба ҳамагон барои ин ҷоиза ташаккур бигӯям. Рақами панҷуми Зидан дар «Реал»? Роҳи тӯлоние маро дар пеш аст, то ба оне бирасам, ки Зидан чун бозигар ба даст овард. Ин чизест, ки маро илҳомбахшӣ мекунад», – иқтибос меорад аз суханони Беллингем Marca.
Ёдрас мекунем, ки Беллингем тобистони қаблӣ аз «Боруссия» бар ивази 103 млн евро ба сафи «Реал» гузариш анҷом дода, шартномаи бозигар бо тими мадридӣ то охири моҳи июни соли 2029 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз тибқи фарзияи футболи Transfermarkt 120 млн евро мебошад.
