Роҳбарияти «Севиля» номзадии Антонио Контеро ба вазифаи сармураббигии даста баррасӣ мекунад. Дар ин бора Mundo Deportivo хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи сарчашма айни ҳол аз миёни панҷ мутахассис моликони тими андалусӣ мехоҳанд чун сармураббии тими хеш бубинанд. Дар миёни ин мутахассисон Андони Ираола, Хави Гарсия, Марселино Торал, Андре Виллаш-Боаш ва Антони Конте мебошанд. Қобили қайд аст, ки роҳбарияти «Севиля» ният дорад, ки дар давоми 24 соат баъди аз вазифа сабукдӯш шудани Хосе Луис Мендилибара номи сармураббии навро эълон кунад.
Ёдрас мекунем, ки дирӯз, 8-уми октябр «Севиля» оиди ба истеъфо равон намудани мутахассиси 62-сола ба хотири натиҷаҳои ғайрқаноатбахш сароғози мавсим эълон карда буд.