LIVE

Хорхе Сампаоли бори дуюм тарки вазифаи сармураббии "Севиля" намуд

Хорхе Сампаоли аз мақоми сармураббии дастаи «Севиля» озод карда шуд. Клуб Сампаолиро  аз вазифаи сармураббӣ барканор намуда, феълан бо мутахассиси дигар ҳамкорӣ кардан мехоҳад. Ин бори дуюм аст, ки мутахассиси аргентинӣ ба «Севиля» даъват мешавад ва баъд аз ҷанд моҳи ҳамкорӣ аз мақомаш сабукдӯш мегардад. Хорхе Сампаоли аз соли 2016 то 2017 низ сармураббии ин тими футболи испанӣ буд. 
"Севиля" дар чемпионати Испания мақоми 14-умро ишғол мекунад.  Даста бо Хосе Луис Мендилибар, ки қаблан бо "Алавес" ва "Эйбар" кор кардааст, гуфтушунид дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив