LIVE

Мойес бори дуюм «Вест Хэм»-ро қабул кард

Бошгоҳи лондонии «Вест Хэм Юнайтед» дар сомонаи расмии хеш дар бораи интихоби сармураббии наваш иттилоъ дод. Мутахассиси шатландӣ Дэвид Мойес сармураббии ин тими футболи англисӣ таъин карда шуд. Ҷонибҳо дар навбати аввал қарордоди ҳамкории 18 моҳаро ба имзо расонидаанд.  Рӯзи 28-уми декабр роҳбарияти «Вест Хэм» - Мануэля Пеллегриниро аз мақоми сармураббӣ озод кард. Ба Дэвид Мойес, ки соли 2017 низ дар ин тим сармураббӣ буд, вазифа гузошта шудааст, ки бошгоҳи лондониро дар Премйер лигаи Англия нигоҳ дорад, зеро феълан даста мақоми 17-уми ҷадвалро ишғол мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив