LIVE

"Арсенал" сармураббии нав пайдо кард

Роҳбарияти “Арсенал” дар сурати ба истеъфо равона намудани сармураббии даста Микел Артета ҷойгузини онро пайдо намуданд.  Клуби шаҳри Лондон дар се бозии аввали Премйер Лига шикаст хӯрд. 
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, Артетаро дар ин вазифа собиқ мураббии “Интер” - Антонио Конте иваз карда метавонад.
Тибқи иттилои расонаҳо, клуб аллакай бо Конте шартҳои шартномаро мувофиқа кардааст. Қайд карда мешавад, ки Артета дар сурати ба даст наовардини ғалаба дар се бозии оянда аз кор ронда мешавад.
Тобистон Конте метавонист сармураббии "Тоттенхэм" шавад, аммо тарафҳо натавонистанд дар бораи шартҳои шартнома ба мувофиқа расанд.
Антонио Конте баъд аз рафтанаш аз "Интер" бекор аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив