LIVE

Бозгашти дубораи Антонио Конте ба Лондон

Матбуоти бритонӣ хабар медиҳанд, ки роҳбарияти “Арсенал” имкони истеъфои сармураббии даста Микел Артетаро баррасӣ мекунанд. Клуби шаҳри Лондон дар ду бозии аввали Премйер Лига шикаст хӯрд. 
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, Артетаро дар ин вазифа собиқ мураббии “Интер” - Антонио Конте иваз карда метавонад. Бо вуҷуди ин, қайд карда мешавад, ки то ҳол “Арсенал” умедвор аст, ки натиҷа дар бозиҳои оянда беҳтар шавад.
Тобистон Конте метавонист сармураббии "Тоттенхэм" шавад, аммо тарафҳо натавонистанд дар бораи шартҳои шартнома ба мувофиқа расанд.
Антонио Конте баъд аз рафтанаш аз "Интер" бекор аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив