LIVE

Антонио Конте давоми 48 соат “Интер”-ро тарк мекунад

Тибқи иттилои La Gazzetta Dello Sport, сармураббии “Интер” -и Милан Антонио Конте метавонад бинобар ихтилофи назар бо роҳбарияти клуб, дастаро тарк кунад. Гап дар сари он аст, ки роҳбарият мехоҳанд як қатор аз футболбозонро ба  фурӯш  гузорад, то хароҷотро коҳиш диҳанд ва буҷетро мутобиқи буҳрони ҷории иқтисодӣ кам кунанд. Конте бошад, дар навбати худ барои рақобат дар Аврупо ҳайати пурзӯртареро талаб мекунад. Ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки дар 48 соати оянда бо розигии тарафайн ҷудо шаванд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив