LIVE

Конте ба Премйер Лига бармегардад

Сармураббии "Интер" - Антонио Конте дар пеши роҳбарияти клуби миланӣ шарт мондааст, ки агар клуб ба ӯ трансферҳои навро кафолат надиҳад, тарки даста мекунад. Бино ба иттилои бархе аз сарчашмаҳои хабарӣ, дар сурати тарки "Интер", мутахассиси итолёвӣ метавонад "Манчестер Юнайтед" ё "Тоттенхэм" -ро роҳбарӣ кунад. Таъкид шудааст, ки музди Конте дар бошгоҳи Милан дар як мавсим 12 миллион евроро ташкил медиҳад ва ҳеҷ клуби дигари итолиёвӣ ин миқдор пулро ба ӯ нахоҳад дод, аз ин рӯ баргаштан ба Премйер Лига барои мутахассисе, ки қаблан бо "Челси" кор кардааст, аз эҳтимол дур нест. Конте раҳбарии “Интер”-ро тобистони соли 2019 ба уҳда гирифт. Таҳти роҳбарии ӯ миланиҳо дар мавсими гузашта дар чемпионат дуюм шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив