LIVE

Доварони бозии даври плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Марв» маълум шуданд

Ҳайати довароне, ки дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Марв» (Туркманистон) кор мекунад, маълум шуд.
Ин вохӯриро ҳайати доварон аз АМА ҳакамӣ мекунад. Довари марказӣ Яҳё Алӣ Муҳаммад Ҳасан Ал-Мулло хоҳад буд. Дар хатҳо ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Аҳмад Саид Аҳмад Ал-Асал Ал-Рашдӣ ва Алӣ Рашид Муҳаммад Ал-Ҷорн Ал-Нуаймӣ кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Султон Муҳаммад Солеҳ Юсуф Ал-Ҳаммадӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб иҷро мекунад. Маҳюб Содиқ аз Фаластин кори ҳайати доваронро назорат мекунад. Комиссари бозӣ Муҳаммад Абдулло Назмӣ Манго аз Урдун таъйин шуд. Барои бехатарӣ дар варзишгоҳ афсари амниятӣ (секюрити-офитсер)-и КФО Раҳул Парашар аз Ҳиндустон ҷавобгар хоҳад буд.
Қобили зикр аст, ки бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Марв» 22 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 16:30 оғоз мегардад.
 
🏆 Ҷоми КФО-2023/24
♦️ Минтақаи марказӣ. Даври плей-офф
📅 22 август (сешанбе)
️ Оғоз – соати 16:30
 «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Марв» (Туркманистон)
Довари марказӣ: Яҳё Алӣ Муҳаммад Ҳасан Ал-Мулло (АМА).
Ёварон: Аҳмад Саид Аҳмад Ал Асал Ал Рашдӣ, Алӣ Рашид Муҳаммад Ал Ҷорн Ал Нуаймӣ (ҳарду аз Амороти Муттаҳидаи Араб).
Довари эҳтиётӣ: Султон Муҳаммад Солеҳ Юсуф Ал-Ҳаммадӣ (АМА).
Нозири доварон: Маҳюб Содиқ (Фаластин).
Комиссари бозӣ: Муҳаммад Абдулло Назмӣ Манго (Урдун).
Афсари амният: Раҳул Парашар (Ҳиндустон).
🏟 Хуҷанд, Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив