LIVE

Доварони тоҷик бозиҳои Ҷоми КФО-ро ҳакамӣ мекунанд

Дастаи доварони Тоҷикистон бо роҳбарии довари 35-солаи ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак  бозии даври муқаддамотии Ҷоми AFC-2021-ро  доварӣ хоҳанд кард.
Доварони Тоҷикистон бозии даври муқаддамотии Ҷоми AFC-2021-ро дар минтақаи ҷанубӣ байни дастаҳои "Клаб Иглз" (Малдив) ва «Тхимпху Сити» (Бутан)-ро, ки баргузорияш рӯзи 7 апрел дар Мале дар назар аст,  доварӣ мекунанд.
Ба Кабиров ёварони довари ФИФА - Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе)  кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари FIFA Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе иҷро мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив