LIVE

Сайёдҷон Зайниддинов-довари бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО -2023/24

Довари 35-солаи ФИФА аз Тоҷикистон Сайёдҷон Зайниддинов бозии Ҷоми КФО-2023/24-ро ҳакамӣ мекунад.
Зайниддинов бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи Ҷанубӣ байни дастаҳои «Абаҳани Лимитед» (Бангладеш) ва «Клаб Иглз» (Малдив)-ро, ки 15 август дар шаҳри Силҳети Бангладеш баргузор мешавад, доварӣ мекунад.
Аз канор ба Сайёдҷон Зайниддинов ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Исмоил Нуралиев ва Фарҳод Куралов кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Дайирбек Абдилдаев аз Қирғизистон иҷро мекунад. Холид Ҷосим Халифа Ал-Доуҳӣ Ал-Сенъонӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб кори ҳайати доваронро назора мекунад ва Михаил Толкачев аз Қирғизистон комиссари ин рақобат таъйин гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив