LIVE

Доварони тоҷик бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд

Доварони тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20)-ро ҳакамӣ мекунанд.
Як қатор доварон аз Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил шудаанд, барои ҳакамии бозиҳои  интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) даъват шуданд. 
Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Акмал Бӯриев дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) дар гурӯҳи «Е», ки аз 5 то 9 октябр пойтахти Бангладеш шаҳри Дакка баргузор мешаванд, кор хоҳанд кард.
Довари дигари элитаи КФО, довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Вафо Қараев бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-23) дар чаҳоргонаи C-ро ҳакамӣ мекунанд. Рақобатҳои ин гурӯҳ аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Маскати Уммон баргузор мешаванд.
Илова бар ин, доварони мо барои бозиҳои  интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола таъйинот гирифтанд. Довари ФИФА Насрулло Кабиров ва ёвари довари ФИФА Исмоил Нуралиев аз 10 то 18 сентябр бозиҳои гурӯҳи «С»-ро дар Лаос доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов барои қазовати бозиҳо дар чаҳоргонаи «J» ба шаҳри Бишкек мераванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив