LIVE

Доварони тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро ҳакамӣ мекунанд

Шаш довар аз Тоҷикистон  ба бозиҳои  интихобии Ҷоми Осиё -2022 байни дастаҳои олимпии то 23 -сола, ки аз 25 октябр то 2 ноябр баргузор мешаванд, даъват шудаанд.
Довари ФИФА Насрулло Кабиров  ва ёвари довар ФИФА Вафо Қараев  бозиҳои гурӯҳи D-и мусобиқотро, ки дар он дастаҳои Арабистони Саудӣ, Бангладеш, Кувайт ва Ӯзбекистон бозӣ мекунанд, ҳакамӣ мекунанд. Рақобатҳои ин гурӯҳ аз 25 то 31 октябр дар Кувайт баргузор мегарданд.

Ҳамчунин довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Исмоил Нуралиев дар Бишкек бозиҳои интихобии гурӯҳи I-ро бо ширкати тимҳои миллии Ветнам, Мянмар ва Тайпэйи Чин доварӣ мекунанд.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Хусрави Сиддикзодро бошад, ба вохӯриҳои  гурӯҳи “J”  ба Муғулистон даъват карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив