LIVE

Доварони Тоҷикистон бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд

Доварони Тоҷикистон барои ҳакамии бозиҳои мусобиқоти байналмилалӣ даъват шуданд.
Довари ФИФА Насрулло Кабиров (Норак) ва ёвари довари ФИФА Вафо Қараев (Шаҳринав) дар ин рӯзҳо мусобиқаи Бозиҳои 31-уми Осиёи Ҷанубу Шарқиро, ки дар Ветнам ҷараён дорад, ҳакамӣ мекунанд.
Доварони дигари мо – довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) ва ёвари довари ФИФА Вафо Қараев (Шаҳринав) бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Е»-ро, ки аз 8-ум то 14-уми июн дар шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешаванд, ҳакамӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ тимҳои миллии Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия ва Бангладеш ҳунарнамоӣ менамоянд.
Довари ФИФА Насрулло Кабиров ва ёвари довари ФИФА Акмал Бӯриев (Турсунзода) дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А» бо ширкати тимҳои миллии Урдун, Кувайт, Индонезия ва Непал кор хоҳанд кард. Бозиҳои ин чаҳоргона аз 8 то 14 июн дар Кувайт доир мешаванд.
Довари ФИФА Абдулло Давлатов (Шаҳринав), инчунин ёварони доварони ФИФА Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Исмоил Нуралиев (Норак) бозиҳои чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-соларо, ки аз 13 то 20 май дар Душанбе сурат мегиранд, доварӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив