LIVE

Доварони тоҷик бозиҳои байналмилалиро дар Ӯзбекистон ҳакамӣ карданд

Бо даъвати Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон доварон аз Тоҷикистон дар бозиҳои байналмилалӣ, ки дар Намангон ва Тошканд баргузор шуданд, хидмат расониданд.

Довари ФИФА Насрулло Кабиров ба ҳайси довари асосӣ бозии ниманиҳоии Ҷоми Наврӯз-2022 дар Намангонро миёни дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Қирғизистон (3:1) доварӣ кард. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Исмоил Нуралиев ва Вафо Қараев кӯмак карданд. Вазифаи довари эҳтиётиро Сайёдҷон Зайниддинов иҷро намуд.

Довари асосии вохӯрии ниҳоии «Ҷоми Наврӯз-2022» байни дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Уганда (4:2) Сайёдҷон Зайниддинов буд. Ба вай дар хатхо Вафо Караев ва Исмоил Нуралиев ёрӣ расониданд. Довари чорум Насрулло Кабиров буд.

Илова бар ин, дар Тошканд бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои футзали Ӯзбекистон ва Қирғизистон (2:1) баргузор шуд. Довари ФИФА оид ба футзал аз шаҳри Душанбе Беҳрӯз Муртазоев ин дидорро ба ҳайси довари марказӣ ҳакамӣ кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив