Ду довар аз Тоҷикистон - довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Фарҳод Куралов барои доварӣ ба бозиҳои чемпионати Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ даъват шуданд. Чемпионати Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ аз 1 то 16 октябр дар Малдив баргузор мешавад. Дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон, Бангладеш, Малдив, Непал ва Шри Ланка дар ин мусобиқа мубориза мебаранд.
