LIVE

Довароне, ки голи “Истаравшан”-ро бе кор карданд, муҷозот шуданд

Бо қарори кумитаи доварии Федератсияи футболи Тоҷикистон довари асосӣ ва ёвари якуми довари бозии даври 20-уми чемпионати Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои Лигаи олӣ «Куктош» – «Истаравшан» (2:1), ки санаи 22-юми сентябр дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид, аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуданд. Кумитаи доварии ФФТ шикояти “Истаравшан”-ро роҷеъ ба гол ба дарвозаи “Куктош” аз назар гузаронид. 
Баъд аз таҳлили наворҳои бозӣ муайян шуд, ки довари асосӣ Насим Ҳамидов ва ёвари якуми ӯ Комил Раҳмонов дар дақиқаи 77-ум иштибоҳан голи “Истаравшан”-ро бе кор кард. Ин иштибоҳ ба натиҷаи бозӣ таъсир расонд.  
Бинобар ин, барои вайрон кардани қоидаи Кодекси Интизомии довар, Кумитаи доварии ФФТ қарор баровард, ки довари канорӣ Комил Раҳмоновро ба муҳлати се давр, довари асосӣ Насим Ҳамидовро ба муҳлати ду даври тамоми мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив