LIVE

Ҳайати хизматрасони бозиҳои даври ҷамъбастии қисми якуми чемпионати тоҷикистон-2021 маълум шуд

Департаменти доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирон ва комиссарони хизматрасони бозиҳои даври ҷамъбастии қисми якуми Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021-ро тасдиқ намуд.  Бозиҳои ин давр рӯзи сешанбеи 25-уми май баргузор мешаванд. Ду бозии даври мазкур байни дастаҳои «Хуҷанд» – «Истиқлол» ва «Равшан» – «Кӯктош» ба рӯзҳои захираи тақвими мусобиқа гузаронида шуданд.
 
Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 9-ум
25 май (сешанбе)
Оғози бозиҳо - соати 17:30 
«Душанбе» – «Эсхата»
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
Ёварон: Рустамбек Хуҷаев (Қабодиён), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).
Довари захира: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Бобоҷон Қаландаров (Душанбе).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
 
«Хатлон» – «Файзканд»
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Ёварон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), Вафо Қараев (Шаҳринав).
Довари захира: Рустам Нурматов (Душанбе).
Нозири доварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).
Комиссари бозӣ: Ширинҷон Валиев (Душанбе).
Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»
 
КМВА – «Истаравшан»
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
Ёварон: Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев (ҳарду аз Шаҳринав).
Довари захира: Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор).
Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Хуросон).
Комиссари бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).
Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи ҶТ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив