LIVE

Довари бозии «Куктош» ва «Хатлон» муҷозот шуд

Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари асосии бозии дастаҳои футболи  «Куктош» ва «Хатлон» (2:1)  - Бехрӯз Муртазоевро аз ҳаққи ҳакамӣ дар ду даври чемпионат маҳрум сохт.
Кумитаи доварони ФФТ дар робита ба эътирози клуби «Хатлон» аз рӯи ду ҳолати баҳсбарангез кори довари мазкурро мавриди таҳлил қарор дод. Ёдовар мешавем, ки бозии дастаҳои футболи   «Куктош» ва «Хатлон» рӯзи 13-уми август баргузор гардид ва ба суди дастаи ноҳияи Рӯдакӣ 2:1 хатм шуд.   
Баъди тамошои такрори бозӣ, Кумитаи доварони ФФТ ба хулосае омад, ки Бехрӯз Муртазоев нисбати таъйини зарбаи 11 метра ҷониби дарвозаи «Хатлон» қарори дуруст баровардааст. Дар ҳолати дигар довар дарвозабони «Куктош» - Қурбоналӣ Бобоевро барои зарба бо пой ба бозигари дастаи рақиб, мебоист аз майдон меронд, аммо ин корро накардааст. Ба ҳамин хотир Кумитаи доварони ФФТ барои вайрон намудани кодекси доварӣ, қарор баровард, ки  Беҳрӯз дар ду даври чемпионат ҳуқуқи ҳакамӣ карданро надорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив