LIVE

Бозии дастаҳои "Аҳал" ва "Равшан"-ро кӣ доварӣ мекунад?

Имрӯз дар Бишкек бозии даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC баргузор мешавад, ки дар он қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон дастаи “Равшан” бо ноибчемпиони Туркманистон "Аҳал" бозӣ мекунад . Ин вохӯриро дастаи доварони гуногунмиллат ҳакамӣ менамоянд: сардовар - Шукрӣ Ҳусейн Ал-Ҳунфуш (Арабистони Саудӣ), ёварон - Фаҳад Авейед Ал-Умри (Арабистони Саудӣ), Мазен Зазфун (Сурия).
Довари эҳтиётӣ - Зайд Тамер Муҳаммад (Ироқ), нозири доварон Майкл Ҳанания (Фаластин) ва комиссари бозӣ Аҳмад Тиллаев (Ӯзбекистон) таъйин шуданд.
Ин бозӣ имрӯз  соати 19:00 дар варзишгоҳи “Долон Омурзоқов”-и Бишкек бидуни тамошобин сурат мегирад. Шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва "Футбол" бозиро мустақиман пахш месозанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив