LIVE

Довари бозии Муғулистон ва Тоҷикистон муайян шуд

Бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни яккачинҳои Муғулистон ва Тоҷикистон, ки имрӯз 10-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батор баргузор мешавад, ҳайати доварон аз кишвари Сурия ин дидорро ҳакамӣ мекунанд. Довари асосии ин бозӣ рефери ФИФА Ханна Хаттаби 30 сола интихоб шудааст. Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни тимҳои Муғулистон ва Тоҷикистон имрӯз соати 14:00 бо вақти Душанбе тариқи шабакаҳои ТВ “Варзиш” ва ТВ “Футбол” мустақиман манзури тамошобинон карда мешавад. 
Ҷоми ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣДаври дуюм
Гурӯҳи «F». Бозии дуюм
10 сентябр (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе
Муғулистон – ТОҶИКИСТОН
Довари асосӣХанна Хаттаб (Сурия).
Нозири доваронМохаммед Хамад Аль-Совайл (Саудовская Аравия).
Комиссари бозӣСубраманиан Маникам (Малайзия).
Улан-Батор, варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив