LIVE

Доварони бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Муғулистон муайян шуд

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми Чемпионати ҷаҳон- 2022 дар гурӯҳи "F" байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон, ки рӯзи панҷшанбеи 25-уми марти соли ҷорӣ баргузор мешавад, аз ҷониби доварони ироқӣ ҳакамӣ хоҳад шуд. 
Довари ФИФА - Алӣ Сабоҳ Ал-Қайсӣ 44-сола хоҳад буд, ки аз соли 2009 ба ҳайси довари байналмилалӣ кор мекунад. Дар ин бозӣ ба ӯ ёваронаш Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ Убайдӣ ва Амир Ҳусейн кӯмак мекунанд. Вазифаи довари чорумро Зайд Темур Муҳаммади ироқӣ иҷро мекунад. Кори дастаи доваронро Аҳмад Яъқуб Ҷумъа аз АМА тафтиш мекунад ва Ҳомид Муъминӣ аз Эрон комиссари бозӣ таъйин шудааст. Инчунин, ин бозиро намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё - Чжун Хван Вон аз Кореяи Ҷанубӣ тамошо хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон рӯзи панҷшанбеи 25 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе соати 18:00 баргузор мешавад. Нархи чиптаҳо барои бозӣ 20 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Ҷоми ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣ. Даври дуюм
Гурӯҳи «F». Бозии 7-ум
25 март (Панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

ТОҶИКИСТОН – Муғулистон

Сардовар: Алӣ Сабоҳ Ал-Қайсӣ (Ироқ).
Ёварони довар: Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ Убайдӣ ва Амир Ҳусейн (ҳарду – Ироқ).
Довари захиравӣ: Зайд Темур Муҳаммадӣ (Ироқ).
Нозири доварон: Аҳмад Яъқуб Ҷумъа (АМА).
Комиссари бозӣ: Ҳамид Муъминӣ (Эрон).

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив