LIVE

Доварони бозӣ байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон муайян шуданд

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2020 байни яккачинҳои Тоҷикистон ва Ҷопонро ҳайати доварон аз кишвари Ироқ ҳакамӣ мекунанд. Дар ин бозӣ довари асосии рефери ФИФА Муҳаммад Зайд Самир интихоб шудааст. Аз тарафҳои майдон ба ӯ ёваронаш Убайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ ва Ҷаббор Акрам Алӣ ёрӣ мерасонанд. Ёдовар мешавем, ки бозии дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон дар гурӯҳи «F» байни миллипӯшони Тоҷикистон ва Ҷопон санаи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бозӣ соати 17:15 бо вақти Душанбе дар назар аст. 

Ҷоми ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣ. Даври дуюм
Гурӯҳи «F». Даври 4-ум
15 октябр (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 17:15 
ТОҶИКИСТОН – Ҷопон
Довари асосӣМуҳаммад Зайд Самир (Ироқ).
Ёварони доварУбайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ, Ҷаббор Акрам Алӣ (ҳарду – Ироқ).
Довари эҳтиётӣЧаримурат Қурбанов (Туркманистон).
Нозири доваронЭнтони Ҷон Да Коста (Ҳиндустон).
Комиссари бозӣМуҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (АМА).
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив