LIVE

Довари бозии Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян шуд

Нахустин бозии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Қирғизистонро дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” ҳакамон аз Қатар доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Хамис Муҳаммад Ал-Куварии 37-сола аз Қатар сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш - ёварони довари FIFA Юсуф Ориф Ал-Шаммарии 29-сола ва Заху Снайд Ал-Шаммарии 24-сола – кӯмак хоҳанд кард. Довари ФИФА Аҳмад Ал-Алии 35-сола аз Кувайт ба ҳайси довари эҳтиётӣ хидмат менамояд. Кадхум Лазим Ал-Саидӣ аз Ироқ нозири доварон ва Башир Шафиқ Абдул Холиқ аз Лубнон комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд. Аввалин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» муқобили тими миллии Қирғизистон 5-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад. Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.
Чемпионати Ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣ. Даври дуюм
Гурӯҳи «F». Даври 1-ум
5 сентябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ соати 19:00
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Довари асосӣ: Хамис Муҳаммад Ал-Қуварӣ (Қатар).
Ёварони довар: Юсуф Ареф Ал-Шамарӣ, Заҳу Снайд Ал-Шаммари (ҳарду– Қатар).
Довари эҳтиётӣ: Аҳмад Ал-Алӣ (Кувайт).
Нозири бозӣ: Кадхум Ауда Лазим Ал-Саиди (Ироқ).
Комиссари бозӣ: Бачир Чафик Абдул Халек (Лубнон).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив