LIVE

Доварони араб бозии дастаҳои "Алтин Асир" ва "Хуҷанд"-ро ҳакамӣ мекунанд

Бозии даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 байни дастаҳои “Алтин Асир” ва “Хуҷанд”, ки 14 май дар Душанбе баргузор мешавад, аз ҷониби доварон аз Аморати Муттаҳидаи Араб бо роҳбарии довари FIFA Умар Муҳаммад Ал-Алӣ доварӣ мешавад. Сабет Обайд Сурур Сабет Ал-Алӣ ва Масъуд Ҳасан Блюк Фард ба ӯ ҳамчун ёварон кӯмак хоҳанд кард. Вазифаҳои довари эҳтиётиро Абу Айша Бараа аз Фаластин иҷро мекунад. Моҳд Сабри Мат Дауд (Малайзия) нозири доварон таъйин шуда, Рашид Ал-Досари (Қатар) комиссари бозӣ мегардад. Ин вохӯрӣ соати 21:05 ба вақти Душанбе оғоз шуда, мустақиман дар шабакаҳои “Варзиш” ва  "Футбол" намоиш дода мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив