LIVE

Аҳмад Ал-Алӣ довари бозии “Истиқлол” ва “Хуҷанд”

Вохӯрии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”-ро довари ФИФА аз давлати Қувайт Аҳмад Ал-Алӣ ҳакамӣ мекунад. Ба ӯ дар ин бозӣ ҳамватанонаш Яқуб Ал-Мутаирӣ ва Абдулҳодӣ Ал-Анезӣ кӯмак мекунанд. Вазифаи довари 4-ум ба дӯши Уммар Ашкананӣ вогузор шудааст.
Дидори ду дастаи Тоҷикистон, ки шомили гурӯҳи “D” мебошанд, 11-уми март дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив