LIVE

Дарвозабони асосии ПСЖ ба «Ювентус» гузариш мекунад

«Ювентус» орзӯ дорад, ки бо Ҷанлуиҷи Доннарумма дар ҳолати рафтани Войчех Шченсний шартнома имзо кунад.
Чӣ тавре La Gazzetta dello Sport хабар медиҳад, бошгоҳи итолиявиро зарур аст, ки масрафиётро кам кунад. Ғайр аз ин, барои «Ювентус» дарвозабоне бар ивази  Шченснийи 33-сола зарур аст. Вобаста ба ин тими туринӣ дар орзӯи навишти шартнома бо Доннарумма аз «ПСЖ» аст.
Айни ҳол Шченсний 6,5 млн евро солона ба даст оварда, дарвозабони эҳтиётӣ Маттиа Перин – 1,5 млн евро маош мегирад. Ҳардӯи дарвозабонҳо мехоҳанд дар Турин бимонанд, вале «Ювентус» аз онҳо ҷудо шуданӣ аст.  Аз ин рӯ таваҷҷӯҳ нисбати дарвозабони 24-солаи мунтахаби Италия ҳам беасос нахоҳанд буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив