LIVE

Доннарумма мавқеи Кейлор Навасро дар "ПСЖ" танг мекунад

Сомонаи расмии дастаи «ПСЖ» аз гузариши собиқ дарвозабони дастаи “Милан” Ҷанлуиҷи Доннарумма расман хабар дод. Қарордод байни дастаи парижӣ ва дарвозабони итолиёвӣ то 30-юми июни соли 2026 баста шудааст. Охири моҳи июн шартномаи футболбоз бо “Милан” ба поён расид ва ӯ ҳамчун футболбози озод ба “ПСЖ” гузариш намуд. Қаблан, ба ин дарвозабони 22-сола дастаҳои “Барселона”, “Ювентус”, “Рома”, “Челси” таваҷҷуҳ доштанд. Бояд гуфт, ки Доннарумма бо мунтахаби Италия Евро-2020-ро ба даст овард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив