LIVE

Доннарумма бо "Милан" хайрухуш кард

Дарвозабони 22 – солаи дастаи “Милан” Ҷанлуиҷи Доннарумма барои бо тими мазкур ба мувофиқа нарасидан ҳайати дастаро ҳамчун агенти озод тарк мекунад. Дарвозабони 22 – солаи итолиёвӣ хостори бо дастаи ПСЖ - и Фаронса бастани шартномаи навро дорад. Доннарумма ба зудӣ ба шаҳри Париж барои бастани қарордод ва шинос шудан бо ҳайати бозингарону мураббиёни даста сафар мекунад. Вале муҳлати шартнома ва дигар ҷузъиётҳо ҳоло дақиқ маълум нест.
Доннарумма дар ҳайати мунтахаби Италия, бо иштирок дар Евро – 2020 аз худ маҳорати баланд нишон дода, унвони беҳтарин футболбози  ин мусобиқаро соҳиб шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив