LIVE

Буффон тарки “Ювентус” намуда, бо “Барселона” шартнома мебандад

Дарвозабони 43-солаи “Ювентус” - Ҷанлуиҷи Буффон расман эълон намудааст, ки дар баробари анҷоми мавсим тарки дастаи туринӣ мекунад. 
"Ё ман футбол бозӣ  карданро қатъ мекунам, ё маҷбур мешавам барои идомаи фаъолиятам пешниҳоди дигарро қабул кунам. Ё дар ҳайёти хеш шуғли навро таҷриба мекунам", - иқрор шудааст Буффон. 
Ба ин дарвозабони таҷрибадор феълан ду даста довталаб маҳсуб мешаванд, ки инҳо “Парма”  ва “Барселона” маҳсуб мешаванд. Бино ба иттилои манбаъ, "Барселона" - Буффонро ҳамчун дарвозабони дуюм баъд аз Марк-Андре тер Штеген ба ҳайати худ ҷалб кардан мехоҳад. Қайд карда мешавад, ки каталониҳо аллакай музокироти аввалини худро бо дарвозабон анҷом доданд. 
Хотиррасон мекунем, ки Буффон моҳи июли соли 2001 футболбози “Ювентус” шуд, ӯ аз “Парма” бо маблағи 52,8 миллион евро гузариш карда буд. Пас аз 17 сол Буффон клуби итолиёвиро тарк кард ва ба “Пари Сен-Жермен”-и Фаронса ҳамчун агенти озод рафт, аммо баъд аз як мавсим Буффон дигарбора ба Турин баргашт. Дар маҷмуъ, Ҷанлуиҷи дар ҳайати “Ювентус” 683 бозӣ гузаронидааст, ки дар 322-вохӯрӣ ба дарвозааш гол сар надодааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив