LIVE

“Ювентус” намехоҳад, ки Буффон тарки футбол намояд

Дарвозабони 43-солаи итолиёвӣ Ҷанлуиҷи Буффон бо “Ювентус” шартномаи нав то соли 2022 бастанист. Қайд карда мешавад, ки ҳадафи асосии ин шартнома шикастани рекорди дарвозабони афсонавӣ Марко Баллотта мебошад, ки калонсолтарин бозингар дар таърихи чемпионати Италия маҳсуб меёбад, ки дар синни 44 солагию  32-рӯзагиаш дар майдон бозӣ кардааст. Бино ба иттилои манбаъ, бозии навбатии Серия А, ки дар он "Ювентус" дар майдони худ "Кротоне" -ро қабул мекунад, дарвозабони 43-сола бояд дар ҳайати асосӣ ба майдон барояд. Хотиррасон мекунем, ки созишномаи ҳозираи Буффон бо “Ювентус” 30-юми июни соли равон ба итмом мерасад. Дар мавсими имсола, дарвозабон дар 9 вохӯрӣ вориди майдон шуд, ки дар он 5 гол сардодааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив