LIVE

Доннарумма беҳтарин футболбози Евро-2020

Дарвозабони дастаи мунтахаби Италия Ҷанлуиджи Доннарумма беҳтарин бозигари чемпионати Аврупо - 2020 дониста шуд. Вай пас аз Питер Шмейхел дуввумин дарвозабон шуд, ки ин унвонро ба даст овард.
Доннарумма ба дастаи мунтахаби Италия бо баргардони ду пеналтӣ кӯмаки муҳим кард.
Ғолиби мусобиқа мунтахаби Италия гардид, ки дар бозии ниҳоии чемпионат Англияро тавассути зарбаи пеналтӣ мағлуб кард (1:1, 3:2). Воқеан дарвозабон Доннарумма дар задани силсилаи пеналтӣ дар финал ду сейв анҷом дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив