LIVE

Италия ва Англия дар финали Евро - 2020 бозӣ мекунанд

Дар даври ниманиҳоии Чемпионати Аврупо-2020 мунтахаби Англия бо тими миллии Дания вохӯрд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и Лондон  баргузор шуд ва бо пирӯзии тими миллии Англия дар вақти изофӣ (2:1) ба анҷом расид. Дар дақиқаи 30-юми вохӯрӣ нимҳимоятгари тими миллии Дания Миккел Дамсгаард аз зарбаи ҷаримавӣ голи зебоеро ба ҳадаф раоснида, ҳисобро кушод. Баъд аз нӯҳ дақиқа, нимҳимоягар Букайо Сака тӯбро ба ҳамлагар Раҳим Стерлинг равон намуд ва ҳимоятгари Дания Симон Киер хост монеи голзанӣ шавад, аммо тӯбро ба дарвозаи худ зад ва ҳисоб баробар шуд. Дар вақти иловагии вохӯрӣ, довар Дэнни Маккелӣ ба дарвозаи тими миллии Дания зарбаи пеналтӣ таъин кард. Зарбаи 11-метраи ҳамлагари мунтахаби Англия Гарри Кейнро дарвозабони  даниягӣ баргардонид, аммо футболбози бошгоҳи “Тоттенхэм” дар ҳаракати дуюми худ хуб бозӣ кард ва тими миллии Англияро аз рӯи ҳисоб ба пеш баровард.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Англия ба финали Евро-2020 баромад, ки дар он ҷо бо тими миллии Италия, ки қаблан Испанияро мағлуб карда буд вомехӯрад. Ёдовар мешавем, ки бози ниҳоии Чемпионати Аврупо рӯзи 11-уми июл дар “Уэмбли”-и Лондон   баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив