LIVE

Италия Испанияро ба хонааш гусел кард

Дар нимфинали Чемпионати Аврупо-2020 дастаи мунтахаби Италия бо тими миллии Испания вохӯрд. Бозӣ дар варзишгоҳи Уэмбли Лондон баргузор шуд. Вақти асосии вохӯрӣ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хатм шуд.  Тими миллии Италия тавассути пеналтӣ ба финал баромад. Дар дақиқаи 60-ум Федерико Кйеса тӯбро ба дарвоза ворид кард.  Дар дақиқаи 80-ум, ҳамлагари тими миллии Испания Алваро Мората тӯбро ба кунҷи дарвоза ирсол намуд. Дар задани зарбаҳои силсилавии пеналтӣ дастаи Италия муваффақ шуд. Ҳамин тариқ, тими миллии Италия ба финали Евро-2020 баромад, ки дар он ҷо бо ғолиби ҷуфти Англия - Дания бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив