LIVE

Ҷуфтҳои даври 1/4 ниҳоии Евро-2020 муайян гардиданд

Дар чемпионати Аврупо-2020 ҳама бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоӣ ба анҷом расиданд. Ҷуфтҳои чорякфинали Евро-2020 муайян шуданд.

1/4 финали Евро:

Швейтсария - Испания
Белгия - Италия
Чехия - Дания
Украина - Англия

Бозиҳои 1/4 ниҳоии Чемпионати Аврупо рӯзҳои 2 ва 3 июл баргузор мешаванд.

Дар даври 1/8 ниҳоии Евро-2020 дастаи мунтахаби Украина тими миллии Шветсияро мағлуб кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Hampden Park" дар Глазго (Шотландия) баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:1 (қ.и) хотима ёфт. Ҳисобро нимҳимоятгари тими миллии Украина Александр Зинченко кушод. Дар дақиқаи 43-юм, нимҳимоятгари Шветсия Эмил Форсберг таносубро  барқарор сохт. Дар вақти изофӣ ҳимоятгари Шветсия Маркус Даниелссон корти сурх  гирифт. Дар дақиқаҳои охири вақти изофӣ Артём Довбик бо зарбаи сар  тӯбро дохили дарвоза намуда, ба тимаш ғалаба овард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив