LIVE

Садио Мане ҳамдастаи Роналду гардид

Ҳамлагари сенегалии «Бавария» Садио Мане ба Криштиану Роналду, Марсело Брозович, Алекс Теллес ва Фофана дар «Ал Наср» пайваст.

"Ал-Наср" барои гузариши футболбози 31-сола ба тими Мюнхен тақрибан 40 миллион евро пардохт кардааст. Худи Мане бо бошгоҳи Арабистони Саудӣ шартнома баст, ки тибқи он ӯ солона 40 миллион евро мегирад.

Мане тобистони соли гузашта аз "Ливерпул" ба ивази 32 миллион евро ба "Бавария" гузашт. Дар ҳайати бошгоҳи олмонӣ футболбоз дар тамоми мусобиқаҳо 38 бозӣ гузаронида, дар онҳо 12 гол ва 6 партофти головар кардааст.

Дар равзанаи интиқоли тобистона Марсело Брозович, Алекс Теллес ва Секо Фофана ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ “Ал-Наср” шомил шуданд. Криштиану Роналду аз Португалия низ дар ин клуб бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив